Густариши ҳамкориҳои ТАЛКО бо корхонаҳои ватанӣ

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи ҷалби корхонаҳои саноатии ватанӣ ба низоми истеҳсоли алюминий дар арафаи анҷомёбист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) хабар доданд, лоиҳаи мазкур татбиқи Барномаи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии Тоҷикистонро дар назар дошта, айни замон беш аз 60%-и тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсоли алюминий ва қисмҳои эҳтиётӣ дар заминаи корхонаву ташкилотҳои ватанӣ истеҳсол ва омода мегарданд.

«Аллакай дар ин марҳилаи ҷорисозии барнома дар ҷараёни истеҳсолоти ширкат коҳиши назарраси хароҷот сурат гирифта, ҳосилнокӣ ва фоидаоварии корхона афзуд ва ҳамчунин беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардид», – гуфтанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, самти дигари тақвияти фаъолияти ТАЛКО афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маснӯот аз алюминий аст, ки ҳамкории дуҷониба бо корхонаҳои ватаниро тавсеъа мебахшад ва айни замон ТАЛКО бо зиёда аз 30 корхонаҳои ватанӣ ҳамкорӣ дорад.

Қобили зкир аст, ки айни замон ҳамчунин Барномаҳои гузариши ТАЛКО ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ низ мавриди амал қарор дорад, ки ба муддати 5 сол пешбинӣ шудааст.

«ТАЛКО» яке аз ширкатҳои муваффақ ва ягона истеҳсолкунандаи алюминии аввалия дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона 517 ҳазор тонна алюминии аввалия дар як солро ташкил медиҳад. Тайи солҳои ахир даромади ширкат ҳамасола 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли алюминии хом дар корхона 275,03 ҳазор тонна ва алюминии аввалия – 272,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 2% камтар аст.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...