Сурайё Қосимова ҷаримабандӣ мешавад

Овозохони маъруфи тоҷик Сурайё Қосимова бинобар сабаби дар яке аз тарабахонаҳои пойтахт ҷашн гирифтани зодрӯзаш ба риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» айбдор карда мешавад. Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонуни мазкури дар соли 2007 қабулшуда, ҷашни зодрӯз ихтиёрӣ танҳо бо аҳли оила ҷашн гирифта шуда, риоя накардани […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Овозохони маъруфи тоҷик Сурайё Қосимова бинобар сабаби дар яке аз тарабахонаҳои пойтахт ҷашн гирифтани зодрӯзаш ба риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» айбдор карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонуни мазкури дар соли 2007 қабулшуда, ҷашни зодрӯз ихтиёрӣ танҳо бо аҳли оила ҷашн гирифта шуда, риоя накардани муқаррарот қонуншиканӣ ва ҷаримабандии аз ҷониби суд муайяншуда ҳамчун ҷазо истифода мегардад.

Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Азизулло Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» ин иттилоъро тасдиқ намуда, зикр кард, ки чанд рӯз қабл С.Қосимова бо ҳузури 60 нафар меҳмонон дар тарабхонаи «Привал охотника»-и шаҳри Душанбе зодрӯзашро ҷашн гирифтааст.

«Рӯзигул Ёрмаҳмадова, ки худро духтари С.Қосимова муаррифӣ намуд, ин далелро тасдиқ намуда, иброз дошт, ки бо ин тарз ба модарашон пас аз бемории тӯлонӣ як туҳфае пешкаш карданӣ будаанд. Мо асноди зарурӣ тартиб дода, ба суди макони иқомати онҳо, шаҳри Кӯлоб пешниҳод кардем. Санад тариқи почта фиристода шуда, муддати як ҳафта ба суди шаҳри Кӯлоб мерасад», – гуфт намояндаи Кумита.

Тибқи баъзе маълумот, ҳаҷми ҷарима ба созмондиҳандагони ҷашн метавонад аз 4 то 20 ҳазор сомониро ташкил диҳад.

А. Мирзоев ҳамчунин гуфт, ба ин монанд санад ҳамчунин нисбати моликони тарабхона тартиб дода шуда, ҳаҷми ҷарима нисбати онҳоро суд муқаррар мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.