Маҷлиси вакилони халқи пойтахт имрӯз масъалаи аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум кардани вакили маҷлиси мазкур Зайд Саидовро баррасӣ мекунад.
Нимаи дуюми имрӯз аз даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интизорӣ меравад, ки дар он масъалаи аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум кардани тоҷири маъруфи тоҷик, вакили маҷлиси мазкур Зайд Саидов баррасӣ мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, бо чунин пешниҳод ба Маҷлиси вакилони халқи пойтахт Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, ки Саидовро ба содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ муттаҳам медонад, муроҷиат кардааст.
Ёдрас мекунем, ки дар робита ба боздошти собиқ вазири саноати ҶТ Зайд Саидов Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ
иттилоия пахш намуд.
Зимни кофтукови дафтари кории собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод, 8 адад компютер, ду ҷузвдони ҳуҷҷатҳо ва ҳамчунин дар ҳаҷми 20 ҳазору 800 доллари ИМА ва 21 ҳазор сомонӣ пули нақд
мусодира шудааст.
Ҳамчунин дар робита ба ин қазия гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав»
изҳороте пахш намуд
, ки дар он фишори мақомот нисбати роҳбари гурӯҳ Зайд Саидов маҳкум карда мешавад.


