Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпешаи мухаддиротӣ, ки ба хариду фурӯши маводи нашъаовар дар ҳудуди вилоят машғул буданд, ошкор ва қатъ карданд.
Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои маҷмӯии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсат се нафар истиқоматкунандагони вилоятро дастгир карданд, ки ду нафарашон донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров буда, ба хариду фурӯши маводи нашъаовари навъи ҳашиш дар ҳудуди вилоят машғул буданд.
«Айни замон маълум карда шуд, ки ташкилкунандаи гурӯҳи ҷиноятии мазкур истиқоматкунандаи 36-солаи шаҳри Хуҷанд мебошад ва пеш бо моддаи 237 «Авбошӣ» КҶ ҶТ суд шудааст. Номбурда аз ҷониби кормандони Агентӣб дастгир гардид», – омаддаст дар иттилои АНМН.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои иловагии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки барои пешгирии фаъолияти ҷиноятии шахсони номбаршуда равона гардида буданд, дар рафти азназаргузаронии ҷои истиқоматии ташкилкунандаи ин ҷиноят, миқдори дигари маводи нашъаовари навъи ҳашиш ёфта, мусодира карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели фаъолияти ҷиноятии иштирокчиёни гурӯҳи нашъаҷаллоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чор нафар дастгиршудагон дар тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд қарор доранд ва тафтиш идома дорад.


