БҶ дар бораи беҳбуди вазъи пахтакории Тоҷикистон

spot_imgspot_img

Дата:


Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, амалисозии лоиҳаи барқароркунии бахши пахтакории Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ аст.

Шурӯъ аз соли 2007 лоиҳа аз ҳисоби қарзи Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд дар ҳаҷми 15 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ шуда, то моҳи майи соли равон беш аз 14,2 млн. доллари ИМА маблағҳои ин лоиҳа азхуд шудаанд.

«Мусоидат ба ҳукумати ҶТ дар ҳалли буҳрони марбут ба қарзҳо дар бахши пахтакорӣ, беҳбуди муҳит ва афзоиши истеҳсолнокиву даромад дар ин бахш аз ҷумаи ҳадафҳои лоиҳа аст», – зикр мекунанд дар БҶ.

Дар Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки пас аз изҳороти 30-юми майи соли 2009 дар бораи пурра аз эътибор соқит кардани қарзҳои аксари хоҷагиҳои пахтакор, дар ин бахш пешрафти назаррас ба даст оварда шудааст. Бино ба маълумоти ҳукумати ҶТ, ҳаҷми умумии қарзҳоие, ки беэътибор дониста шуданд, тақрибан 500 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

«Сарфи назар аз коҳиши нархҳои байнулмилалӣ ба нахи пахта, арзиши миёнаи пардохт ба кишоварзон аз 701 доллари ИМА-и солҳои 2010-2011 барои як тонна, солҳои 2011-2012 то 780 доллари ИМА барои як тонна (афзоиш – 11%) боло рафт», – зикр мекунанд коршиносони бонк.

Гуфта мешавад, ба ҳолати ахири моҳи декабри соли гузашта нишондиҳандаи пардохти қарзҳои корхонаҳои коркарди нахи пахта ба бонкҳои тиҷоратӣ ҳамагӣ 92,6%-ро ташкил дода, вале интизорӣ меравад, ки ояндаи наздиктарин вазъ дар ин самт хубтар хоҳад шуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...