Ҳабси амволи Зайд Саидов ва наздикони ӯ

spot_imgspot_img

Дата:


Амволи тоҷири шинохта Зайд Саидов ва хешовандони наздики ӯ ҳабс карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои тоҷир хабар дод, дар баробари ин Агентии зиддифасод ба хадамоти нотариалӣ мактуб равона карддаст, ки то замони дар тафтиш қарор доштани парванда, бо амволи тоҷир ва хешовандонӣ ӯ муомилоти хариду фурӯш анҷом дода нашавад.

Ба гуфтаи адвокат, айни замон панҷ автомашинаи тамғаҳои Tоyota RAV4, Mercedes, Audi ва ду Nissan-и Зайд Саидов ва писарони ӯ ва ҳамчунин манзилҳои онҳо таҳти ҳабс қарор доранд. «Дафтари корӣ ва иншооти сохтмонии тоҷир низ ҳабс шуда буданд, вале чанд рӯз қабл ҳабси онҳо бекор шуд», – иброз дошт Қудратов.

Дар идома ӯ изҳор кард, ки ахиран бо зерҳимояи худ ҳанӯз 29-уми май дидору гуфтушунид карда буд. «Бо сабабҳои номаълум барои вохӯрии расмӣ ба мо иҷозат намедиҳанд ва аз ҳалли ин масъала бо ҳар баҳонае худро канор мегиранд. Гоҳе мегӯянд, ки пагоҳ вомехӯред ва дафъаи дигар гӯшаки телефонро намегиранд. Дар Агентии зиддифасод маро касе қабул намекунад, то сабаби ба вохӯрӣ бо зерҳимояам иҷозат надоданро шарҳ бидиҳад», – таъкид кард Қудратов.


Аввалҳои ҳамин моҳ

ба яке адвокатҳои Зайд Саидов муяссар шуд, ки бо зерҳимояаш дар тавқифгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дидору гуфтушунид кунад.

Қобили зикр аст, ки ба Зайд Саидов алҳол танҳо тибқи моддаи 319, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) айбнома пешниҳод шудааст. Айбнома бар асоси нишондоди собиқ директори корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраев, ки худ низ дар парвандаҳои дигари ҷиноятӣ айбдор карда мешавад, пешниҳод шудааст.

Низомхон Ҷӯраев баёнот додааст, ки замони дар мансаби вазири саноати Тоҷикистон қарор доштани Зайд Саидов (солҳои 2001-2007) барои пуштибонӣ аз ӯ ба вазир дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА пора додааст.

Ҳамчунин қаблан муовини роҳбари Агентии зиддифасод Милопар Бандишоев изҳор намуда буд, ки ин ҷо сухан сари пора гирифтани Зайд Саидов нарафта, гӯё зимни вазирӣ ӯ Ҷӯраевро маҷбур сохтааст, ки аз корхонаи «Тоҷикатлас ба нафъи ӯ даст кашад ва чун он замон корхонаи кимиёи Исфара дар тобеияти вазорати саноат қарор дошт, Ҷӯраев ночор маҷбур шудааст, ки корхонаро ба ихтиёри ӯ вогузорад.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.

Санаи 22-юми май суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...