Суғд: Пардохти 30 ҳазор $ барои боздошти қотилон

Соҳибкорони вилояти Суғд омодаанд, ки барои мусоидат ба дарёфти қотилони як хонаводаи бутун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки шаби 1 ба 2-юми июн ба вуқӯъ пайваст, 30 ҳазор доллари ИМА маблағ пардохт кунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, айни замон кормандони милиса ҷиҳати ошкор сохтани […]

Аваз Юлдошев

Соҳибкорони вилояти Суғд омодаанд, ки барои мусоидат ба дарёфти

қотилони як хонаводаи

бутун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки шаби 1 ба 2-юми июн ба вуқӯъ пайваст, 30 ҳазор доллари ИМА маблағ пардохт кунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, айни замон кормандони милиса ҷиҳати ошкор сохтани ҷинояти мазкур маҷмӯи чорабиниҳои фавриву тафтишотиро анҷом дода истодаанд.

«Ҷараёни тафтиши парвандаи мазкур таҳти назорати махсуси вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов қарор дорад», – таъкид кард Асадуллоев.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин моҳ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди номаълум як оилаи бутун, аз ҷумла се нафар ноболиғонро ба қатл расониданд. ин ҳодиса шаби рӯзи шанбе ба якшанбе (1-2-юми июн) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, бо истифода аз силоҳи оташфишони автомат ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола ва Суҳробҷон Бобоеваи 15-соларо ба қатл расонидаанд. Фарзанди сеюми онҳо ноболиғ Санҷарбек Бобоев- 6-сола низ аз дуди оташ заҳролуд гашта, дар ҳаммомхона ба ҳалокат расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.