Конибодом: Боздошти муовини директори коллеҷ бо пора


Муовини директор коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом барои ришваситонӣ боздошт шуд.

Тавре аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабр доданд, як сокини шаҳри Конибодом ба раёсат муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки муовини директори коллеҷи тиббӣ барои ба коллеҷ қабул кардани як шиносаш аз  ӯ 1,4 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардааст.

Ба иттилои манбаъ, муовини директор оид ба қисмати хоҷагидории коллеҷи тиббии шаҳри Конибодам О.Д. ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ аз ҷониби кормандони раёсат боздошт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати муовини директор мутобиқи моддахои 247, қ. 2 (Қаллобӣ) ва 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят)-и КҶ ҶТ парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное