Курсҳои омӯзиши истифода аз шабакаҳои иҷтимоии ҲХДТ


Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд курсҳои омӯзиши истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонони фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази таблиғот ва таҳлили ҲХДТ Адҳам Мирсиалов хабар дод, курсҳои омӯзишии мазкурро блогерони шинохтаи вилояти Суғд баргузор мекунанд.

«Ғайр аз ин, коршиносони маъруфи тоҷик дар бахшҳои сиёсатшиносиву иқтисод ва ҳуқууқшиносиву фалсафа дар мавзӯи «Дин ва давлат» ва «Ҳунари наттоқӣ» машғулият доир месозанд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное