Сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон иваз шуда метавонанд, вале муносибатҳо миёни мардум ва давлатҳои дарвоқеъ ҳам дӯсту бародар стратегӣ боқӣ монда, минбаъд низ рушд хоҳанд кард, зеро ин мардумро робитаҳои ҳазорсолаи таъриху фарҳанг, забону дин ва адабиёту фарҳанг бо ҳам мепайвандад. Ба ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили палатаи поёнии парлумон чунин ибрози андеша намуд.
Ба андешаи ӯ, дар замони салатанати президенти тозаинтихоби Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ва тими ӯ низ муносибатҳои ду кишвар беғубор боқӣ монда, дар тамоми бахшҳо густариш меёбанд.
«Ҳасан Рӯҳонӣ дар барномаи худ ба мардум ваъда дод, ки самти сиёсати хориҷии Эрон бо кишварҳои хориҷиро ба куллӣ дигаргун хоҳад кард ва ин пеш аз ҳама, ба кишварҳои Ғарб бастагӣ дорад. Аз ин рӯ, дар муносибатҳои Эрон бо давлатҳои Шарқ як каме сустӣ ба назар мерасад», – чунин мешуморад сиёсатмадор.



