Зойиров: Хадамоти махсус «ҳамкорӣ» пешниҳод карданианд

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор намуд, ки тайи ҳафтаи ахир ӯро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ даъват мекунанд ва гумон дорад, ки хадамоти махсус бо ӯ дар бораи ҳамкорӣ гуфтушунид карданианд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» худи раиси ҲСДТ хабар дод, ҳафтаи гузашта намояндагони КДАМ якчанд маротиба барои вохӯрӣ ба ӯ […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор намуд, ки тайи ҳафтаи ахир ӯро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ даъват мекунанд ва гумон дорад, ки хадамоти махсус бо ӯ дар бораи ҳамкорӣ гуфтушунид карданианд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» худи раиси ҲСДТ хабар дод, ҳафтаи гузашта намояндагони КДАМ якчанд маротиба барои вохӯрӣ ба ӯ занг задаанд, вале бинобар сабаби вақти кофӣ надоштан, ӯ пешниҳод намудааст, ки ҳамин рӯз вохӯранд.

«Ман ба онҳо гуфтам, ки субҳи рӯзи душанбе ба ман занг зананд, вале занг назаданд, аз ин рӯ, ман ҳам назди онҳо нарафтам. Онҳо мақсади вохӯриро ба ман шарҳ надоданд, вале аз эҳтимол дур намедонам, ки яқинан онҳо бо ман дар бораи ҳамкорӣ гуфтушунид карданианд», – зикр кард раиси ҲСДТ, вале шарҳ надод, ки ба як пешвои ҳизби мухолиф хадамоти махсус чӣ гуна «ҳамкорӣ»-е пешниҳод карда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки Раҳматилло Зойиров ягона нафарест, ки номзадии худро ба маъракаи интихоботи президентии қарибулвуқӯъ пешбарӣ кардааст.

Қаблан Раҳматилло Зойиров

изҳор намуда буд

, ки ба номзадии худро гузоштан дар маъракаи интихоботи президентӣ ва гузашта аз ин, на танҳо ба сифати номзади ягона аз аҳзоби мухолиф, балки аз номи тамоми нерӯҳои демократии кишвар омода аст.

Ҳамчунин ӯ гуфтааст, ки ҳокимиятро дӯст намедорад, як шаҳрванди оддӣ, покдилу баинсоф, ба қадри кофӣ таҳсилдида ва масъулиятшиноси Тоҷикистон мебошад.

«Ман бисёр ба таблиғ машғул шуда, интизорӣ доштам, ки ба мақоми номзади ягона афроди дигар пешбарӣ мешаванд. Акнун номзадии худро пешниҳод намуда, изҳор медорам, ки барои ба дӯш гирифтани масъулияти кишвару шаҳрвандони он омодаам. Ба ман дастгирии нерӯҳои демократӣ лозим аст, моро муттаҳидии нерӯҳои демократӣ зарур аст ва бо кӯшишҳои дасттаҷамъона мо Тоҷикистонро аз по мехезонем. Мо роҳи дигар надорем!», – зикр кардааст Зойиров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.