Вакили Бундестаги Олмон аз ВКХ ҶТ боздид кард

Муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Маҳмудҷон Собиров бо вакили Бундестаги Олмон хонум Виола фон Крамен, ки маротибаи аввал дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард. Зимни вохӯрӣ муовини аввал роҷеъ ба Тоҷикистон, вазъияти дохилии он, инчунин ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои минтақа ба мусоҳиби худ маълумоти кӯтоҳ дод. Зимнан, муносибатҳои дуҷонибаи  Тоҷикистону Олмон ва имкониятҳои тараққиёти […]

Аваз Юлдашев


Муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Маҳмудҷон Собиров бо вакили Бундестаги Олмон хонум Виола фон Крамен, ки маротибаи аввал дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.

Зимни вохӯрӣ муовини аввал роҷеъ ба Тоҷикистон, вазъияти дохилии он, инчунин ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои минтақа ба мусоҳиби худ маълумоти кӯтоҳ дод.

Зимнан, муносибатҳои дуҷонибаи  Тоҷикистону Олмон ва имкониятҳои тараққиёти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Собиров хонум вакили Бундестагро ҷиҳати иштирок дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар моҳи августи соли 2013 баргузор мегардад, даъват намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.