КДАМ: Мусодираи ҳудуди 60 кило маводи мухаддир

Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи КамАЗ таҳти идораи сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Боймирзо Боевро боздошт намуданд, ки аз Душанбе ба Хуҷанд раҳсипор буд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни азназаргузаронии автомашина як […]

ASIA-Plus


Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи КамАЗ таҳти идораи сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Боймирзо Боевро боздошт намуданд, ки аз Душанбе ба Хуҷанд раҳсипор буд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни азназаргузаронии автомашина як пинҳонгоҳи махсус ва дар дохили он 20 кило маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.

«Муайян карда шуд, ки ин миқдор маводи нашъаовар моли сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҳоҷӣ Турсунбой Ҳомидов буда, ӯ дар навбати худ баёнот додааст, ки санаи 10-уми июли соли равон сокини шаҳри Хуҷанд Мустақим Сангинов аз ӯ дархост намудааст, ки ба интиқоли 37 кило маводи мухаддири ҳашиш ба Русия тариқи қаламрави Қирғизистон ва Қазоқистон ба ӯ мусоидат намояд», -гуфтанд дар КДАМ.

Ба иттилои манбаъ, зимни як амалиёти махсус М.Сангинов дар Хуҷанд боздошт гардида, зимни кофтуков аз ӯ дарвоқеъ ҳам беш аз 36 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудаст. «Айн замон оид ба ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.