Э.Раҳмон бо президенти Қазоқистон ва нахуствазири Покистон мулоқот карданист

Дар ҳошияи нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзи 13-уми сентябр дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мегардад, президенти Тоҷикистон бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф мулоқот анҷом доданист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни мулоқот бо президенти Қазоқистон баррасии […]

Аваз Юлдошев


Дар ҳошияи нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзи 13-уми сентябр дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мегардад, президенти Тоҷикистон бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф мулоқот анҷом доданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни мулоқот бо президенти Қазоқистон баррасии масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистон дар назар аст.

«Бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф баррасии масъалаҳои марбут ба амалисозии лоиҳаи CASA-1000, сохтмони роҳҳои васлгари ҳарду кишвар ва ҳамчунин вазъи Афғонистон ба нақша гирифта шудааст», – гуфт манбаъ.

Ӯ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки дар ҷараёни нишасти СҲШ дар Бишкек мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин низ дар назар аст. «Мулоқот бо ташаббуси ҷониби Чин доир гардида, аз баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисоду савдо, илму фарҳанг ва мудофиа аз он интизорӣ меравад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.