Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон воӯрии раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён бо раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар доир гардида, дар ҷараёни он масоили марбут ба баргузории интихоботи президенти ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, дар мулоқот роҳбарони ҳамаи ҳашт аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. «Ҳизби сотсиал-демократро муовини раиси ҳизб Шокирҷон Ҳакимов намояндагӣ карда ба гуфтаи ӯ, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар сафари хидматӣ аст», – гуфт ӯ.
Дар идома Додоев изҳор намуд, ки дар вохӯрӣ раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳашон, аз ҷумла ҷамъоварии имзоҳо ба дастгирии номзад, ба ҳайати комиссияҳои участкавии интихоботӣ шомил гардидани намояндагони ҳизбҳо посух гирифтанд.
«Раиси КМИР ба ҳозирин шарҳ дод, ки мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ҷамъоварии имзоҳои муҳоҷирони корӣ ба дастгирии ин ё он номзад ғайриимкон аст, зеро тибқи меъёрҳои қонун, варақаҳо барои ҷамъоварии имзоҳоро бояд раисони шаҳру ноҳияҳо ба имзо расонанд. Бо ин сабаб номзадҳо ба мансаби президентӣ дар қаламрави берун аз кишвар имзо ҷамъоварӣ карда наметавонанд», – зикр кард Додоев.
Номбурда ҳамчунин гуфт, бо дархости раҳбарони аҳзоби сиёсӣ имрӯз КМИР ба унвони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии кишвар нома ирсол хоҳад кард, ки дар он дахолати онҳо ба кори комиссияҳои интихоботӣ манъ карда мешавад.



