Президент бо рафти сохтмони шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳри Душанбе шинос шуд

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони иншооти азими соҳаи тандурустии пойтахт-шифохонаи бисёрсоҳа бо 650 кати хоб, ки ҳамчунин дорои дармонгоҳ бо имкони 800 қабул дар як баст ва осоишгоҳ бо 200 кат ҳоҳад буд, шинос шуда, ду дармонгоҳ ва як озмоишгоҳи муосири навбунёдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре аён гардид, шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳрӣ […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони иншооти азими соҳаи тандурустии пойтахт-шифохонаи бисёрсоҳа бо 650 кати хоб, ки ҳамчунин дорои дармонгоҳ бо имкони 800 қабул дар як баст ва осоишгоҳ бо 200 кат ҳоҳад буд, шинос шуда, ду дармонгоҳ ва як озмоишгоҳи муосири навбунёдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре аён гардид, шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳрӣ дар майдони 11 гектари шафати маркази ҷумҳуриявии ташхиси бемориҳо дар хиёбони Неъмат Қаробоеви пойтахт дар ҳоли сохтмон қарор дорад. Ин шифохонаи бузург ва муосир бо харҷи беш аз 400 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо шароити муоинаю ташхис, муолиҷа ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир навтарину беҳтарин дар Осиёи Миёна хоҳад буд.

Ин шифохонаи дорои 650 кати хоб бо дармонгоҳи дорои имкони 800 қабул дар як басти корӣ ва осоишгоҳи муосир бо 200 кати хоб аз 35 биною иншооти таъиноти гуногуни аз як то нуҳошёна иборат хоҳад буд. Осоишгоҳи ин муассиса дорои беҳтарин шароити табобату тавонбахшӣ ва истироҳату фароғат, аз ҷумла физиотерапия, ҳаммомҳои туркию финӣ, толору майдонҳои варзишӣ, боғи зимистона ва дигар мавзеъҳои дилнишин хоҳад буд.

Дар сохтмони ин иншоот ҳоло беш аз 700 нафар бинокорон бо кор таъмин гардидаанд, ки ҳар яке вобаста ба дараҷаи тахассус ва ҳаҷми кор аз 700 то 3000 сомонӣ маош мегиранд.

Пас аз ба кор даромадани ин шифохона, ба моҳи ноябри соли 2014 ба нақша гирифта шудааст, беш аз 2000 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.