Мирзохӯҷа Аҳмадов мансабдори Вазорати мудофиа шуд

Собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, собиқ раҳбари Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон дар водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар яке аз Раёсатҳои Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба сифати мутахассиси ғайринизомӣ ба кор қабул шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ […]

Аваз Юлдошев


Собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, собиқ раҳбари Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон дар водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар яке аз Раёсатҳои Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба сифати мутахассиси ғайринизомӣ ба кор қабул шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ подполковник Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

«Ба Аҳмадов рутбаи ҳарбӣ дода нашуд, зеро ӯ мутахассиси низомӣ набуда, дар мо ҳамчуни шаҳрванди мулкӣ кор мекунад», – гуфт Маҳмадалиев.

Тавре маълум аст, дар сохторҳои қудратии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мутахассисони ғайринизомӣ асосан ба сифати мушовирон ё ҳайати шахсии хизматӣ кор карда, ба онҳо маълумоти дорои сирри махфӣ ифшо намегардад, онҳо ба ягон амалиёти махсус сафарбар намешаванд ва умуман ба дӯши онҳо хизмати ҳарбӣ вогузор намегардад.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Мирзохӯҷа Аҳмадов фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт буда, пас аз ноил гардидан ба сулҳу созиш ба низоми ВКД ҶТ ба кор қабул шуд. Моҳи феврали соли 2008 бар асари даргирӣ бо тобеъони ӯ дар Рашт фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД ҶТ полковник Олег Захарченко кушта шуд.

Соли 2010 ҳукуматдорон М.Аҳмадовро ба ҳамкорӣ бо Мулло Абдулло ва ҳамлаи мусаллаҳона дар моҳи сентябр ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиа дар Рашт, ки бар асари он афсарону сарбозон ба ҳалокат расиданд, айбдор намуданд. Он замон ҳукуматдорон ҷитҳати ҳабси Аҳмадов кӯшиш ба харҷ дода, манзили ӯ дар деҳаи Белгии ноҳияи Рашт пас аз мавриди типарронӣ қарор гирифтан қисман хароб гардид. Сипас Аҳмадов ва наздикони ӯ ба ҳукуматдорон дар нобуд сохтани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Алӣ Бедакӣ ва Мулло Абдулло кӯмаку мусоидат карданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.