Ҳимоятгари дастаи «Рубин»-и Қазонро «Истиқлол» ба иҷора гирифт

Ҳимоятгари дастаи «Рубин»-и Қазон Искандар Ҷалилов (қад 180 см, вазн 73 кило) ҳунарнамоии худро дар дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе идома медиҳад. Футболбози 21-сола то ахири сол ба иҷора гирифта шудааст. Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи футболи «Истиқлол», имрӯз, 4-уми сентябр Искандар Ҷалилов аз Қазон ба Душанбе омада, аллакай бо ҳайати даста дар тамрин иштирок […]

ASIA-Plus


Ҳимоятгари дастаи «Рубин»-и Қазон Искандар Ҷалилов (қад 180 см, вазн 73 кило) ҳунарнамоии худро дар дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе идома медиҳад. Футболбози 21-сола то ахири сол ба иҷора гирифта шудааст.

Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи футболи «Истиқлол», имрӯз, 4-уми сентябр Искандар Ҷалилов аз Қазон ба Душанбе омада, аллакай бо ҳайати даста дар тамрин иштирок кард. Ҷалилов таҳти рақами 29 метавонад ҳам дар марказ ва ҳам дар паҳлӯи ҳимояи даста ҳунарнамоӣ кунад. Ояндаи наздик Ҷалилов ба рӯйхати даста ҷиҳати иштирок дар даври дуюми чемпионат ва мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон шомил мегардад.

Ҷалилов дар мактаби варзишии кӯдакону ҷавонон (ДЮСШ)-и Маскав таълим гирифтааст. Соли 2010 Искандар ба ҳайати ҷавонони дастаи «Рубин» шомил гардида, дар мусобиқоти дастаҳои ҷавонони мусобиқоти футболи Русия 60 вохӯрӣ гузаронид. Тайи ним соли ахир ҳимоягари 21-сола дар дастаи «Турну-Северин»-и Руминия бозӣ карда, дар ҳайати он 11 вохӯрӣ гузаронидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.