Бозор Собир бо ордени «Ситораи Президент» сарфароз гардонида шуд

Субҳи имрӯз ба ифтихори солгарди 22-юми истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 400 нафарро бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маросими мукофотсупорӣ шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бо ордени Ситораи Президент дараҷаи 3 сарфароз гардонда […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз ба ифтихори солгарди 22-юми истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 400 нафарро бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маросими мукофотсупорӣ шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бо ордени Ситораи Президент дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд.

Сипас шахсиятҳои зиёди дигар, ки дар рушду нумуи бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму техника, фарҳанг ва хизмати давлатии Тоҷикистон саҳми арзандаи таҳсин гузоштаанд, бо ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҳои гуногуни фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.

Шумораи зиёди кормандон ва ходимони ҷасуру далери Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои дигари низомию қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, медали Марзбони шуҷои Ватан, унвонҳои фахрӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Ба панҷ нафар олимони варзида ва пурмаҳсули кишвар Ҷоизаҳои, давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника тақдим гардид. Понздаҳ нафар олимони ҷавон барои корҳои намоёни эҷодӣ ва кашфиёти илмӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонда шуданд.

Дар охир се нафар ходимони ҳарбӣ ва кормандони баландпояи сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо рутбаҳои олии низомӣ ва махсус сарфароз гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.