Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар Қирғизистон

Date:


Рӯзи 5-уми сентябр дар шаҳри Чолпон-Атои Қирғизистон ҷаласаи навбатии серӯзаи Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ба кор шурӯъ мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рӯзномаи ҷаласа баррасии беш аз 10 масъала пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни ҷаласа аз фаъолияти Шӯро дар давоми солҳои 2012-2013 натиҷагирӣ ва доир ба тадбирҳои минбаъда баҳри такмили ҳамкорӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла масоили марбут ба фаъолияти Гурӯҳи нерӯҳои ИДМ барои бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, Регламенти ташкилот, ҳамкории мутақобила ва табодули маълумот миёни марказҳои идоракунӣ дар вазъҳои буҳронӣ, реҷаи баргузории семинарҳо оид ба шинооӣ бо марказҳои идоракунӣ ва ҷараёни таҳияи таҳрирҳои нави муқаррарот дар бораи Шӯрои байнидавлатӣ ва Гурӯҳи нерҳои ИДМ барои бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин маълумот дар бораи фаъолияти ду ташкилоти заминавии соҳавӣ шунида шуда, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахши пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, таъсиси Фонди эҳтиётии кишварҳои Иттиҳод оид ба расонидани кӯмак ба кишварҳои зарардида аз ҳолатҳои фавқулода, рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, нақшаи кор дар соли минбаъда ва як қатор масоили дигар низ баррасӣ хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ соли 1993 таъсис дода шуда, намояндагони ҳамаи 11 кишвари узви ИДМ ба ҳайати он шомиланд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...