Ташрифи мансабдори воломақоми ВКХ Британия ба Тоҷикистон

Date:


Рӯзи 6-уми сентябр вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Бритониё баронесса Саеда Варси ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Ин аввалин сафари вазири Давлатии Вазорати корҳои Хориҷии Бритониё ба Тоҷикистон аст.

Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, яке аз салоҳиятҳои Борунесс Варси равобити Бритониё бо Осиёи миёна буда ин ташриф аз равобитҳои густарда ва рӯ ба инкишофи байни ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯриҳо масъалаҳои гуногуни марбут ба ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, амният ва осоиштагӣ дар Осиёи Миёна, тиҷорат ва сармоягузорӣ, саҳми Бритониё ва ширкатҳои бритониёӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҳуқуқи инсон матраҳ хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, зимни сафар баронесса Варси бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон вохӯрӣ анҷом хоҳад дод.

Дар остонаи сафари худ, Борунес Варси гуфтаст: «Ман хело хушҳолам, ки ба Тоҷикистон ташриф меорам. Равобитҳои дуҷониба байни кишварҳои мо ба манфиати тарафайн рушд мекунад. Ман умедворам ки мулоқоти муфид бо Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумати Тоҷикистон, ва инчунин бо ашхоси сиёсӣ ва соҳибкорон анҷом хоҳам дод».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related