Хатлон: Мусодираи беш аз 700 кило мухаддирот дар доираи амалиёти «Кӯкнор»

Дар доираи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2013» кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон 717 кило маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари РВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Ҷӯрахон Маҳмадов дар ин робита хабар дод, дар ҷараёни амалиёти аз санаи 20-уми майи соли равон […]

Сайраҳмон Назриев


Дар доираи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2013» кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон 717 кило маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари РВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Ҷӯрахон Маҳмадов дар ин робита хабар дод, дар ҷараёни амалиёти аз санаи 20-уми майи соли равон оғозгардида кормандони милисаи вилоят аз 66 ҳодисаи кӯшиши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намудаанд. «Нисбати ин ҳодисаҳо дар 46 ҳолат парвандахои ҷиноӣ боз гардида, дар 24 ҳолати дигар қонуншиканон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд», – гуфт номбурда.

Ба қавли ӯ, аз 717 кило маводи мухаддири дар доираи амалиёт мусодирашуда, аз ҷумла 6 килояшро маводи сахттаъсири героин, беш аз 21 килояшро афюн ва зиёда аз 607 килояшро маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки аз оғози сол кормандони милисаи Хатлон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 398 килову 306 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 41 кило героин, беш аз 21 кило афюн, 118 кило ҳашиш ва 1 тоннаву 218 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабисро дарёфт ва мусодира карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.