Веломарафони кӯдакона дар Душанбе дар Рӯзи ихтирои велосипед

Date:


Ба муносибати таҷлили Рӯзи ихтирои велосипед дар Боғи ботаникии Душанбе чорабинии веломарафони хурди кӯдакона доир мегардад.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» бо мусоидати Федератсияи варзиши велосипедронии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази амалисозии лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ хабар доданд, ҳадаф аз чорабинии мазкур таблиғи варзиши велосипедронӣ ва дигар навъҳои варзиши ғайримуҳаррикӣ ва ҳамчунин таблиғи тарзи солим ва фаъоли ҳаёт аст.

«Дар доираи чорабинӣ баргузории мусобиқот барои велосипедронон ва дорандагони дигар навъҳои дучархаи ғайримуҳаррик (худрав (самокат), ролик)-и синусоли аз 3 то 12-сола дар назар буда, гурӯҳи аввали кӯдакон (аз 3 то 7-сола) масофаи 60-100 метр ва гурӯҳи дуюм (аз 8 то 12-сола) масофаи 1-1,5 километрро тай мекунанд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ба мусобиқот тамоми хоҳишмандони дорои велосипед ва дигар навъҳои дучархаҳои ғайримуҳаррики коршоям роҳ дода шуда, ғолибонро тӯҳфаву ҷоиза ва торти идона интизор аст.

Зимнан зикр гардид, ки чорабинӣ рӯзи 15-уми сентябр дар Боғи ботаникии пойтахт аз соати 11 то 13 баргузор шуда, бақайдгирии иштирокчиён соати 10:30 оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки маҳз санаи 15-уми сентябри соли 1801 оҳангари крепостноии рус ба инсоният «пойҳои тез»-ро, ки тарҷумаи лотиниаш «велосипед» аст, туҳфа намуда, якумрӣ ба сафҳаи таърихи ҷаҳон шомил шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...