Оғози тасдиқи созишномаи кӯмаки низомӣ ба Тоҷикистон дар Маҷлиси Қазоқистон

Палатаи поёнии парлумони Қазоқистон лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Қазоқистону Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмаки бебозгашти низомиву техникӣ ба Тоҷикистонро барои баррасӣ қабул кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии парлумони Қазоқистон, ин кишвар ба сифати кӯмак амволи гуногуни низомиро ба ихтиёри Тоҷикистон медиҳад. Ёдрас мекунем, ки санади мазкур моҳи апрели соли равон дар Душанбе зимни сафари […]

ASIA-Plus


Палатаи поёнии парлумони Қазоқистон лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Қазоқистону Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмаки бебозгашти низомиву техникӣ ба Тоҷикистонро барои баррасӣ қабул кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии парлумони Қазоқистон, ин кишвар ба сифати кӯмак амволи гуногуни низомиро ба ихтиёри Тоҷикистон медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки санади мазкур моҳи апрели соли равон дар Душанбе зимни сафари вазири мудофиаи Қазоқистон Одилбек Ҷақсибеков ба Тоҷикистон ба имзо расида буд. Ҳуқумати Қазоқистон имзои санадро ба бунёди заминаи ҳуқуқӣ миёни Вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар асоснок мекунад.

Дар Созишнома расонидани кӯмаки низомиву техникӣ ба Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо мақсади таҳкими имконоти мудофиавии ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. Ба Тоҷикистон ба таври ройгон муҳимоти ҷангӣ, аслиҳа ва дигар лавозимоту таҷҳизоти низомӣ дода мешавад.

Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои низомии дуҷонибаи кишварҳо омодасозии кадрҳои низомӣ мебошад. Остона ҳамасола ҷиҳати таҳсили хизматчиёни ҳарбии тоҷик дар макотиби олии низомии Қазоқистон квотаҳо ҷудо мекунад. Ҷонибҳо ҳамчунин имконоти баргузории тамринҳои муштараки низомиро дар нақша доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио