Аз 25 то 28-уми ҳамин моҳ дар шаҳри Шансии Ҷумҳурии мардумии Чин форуми иқтисодии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) оғоз гардид. Ин форум бо ибтикори Ҳукумати шаҳри Шансии Чин ва Бонки рушди Чин гузаронида мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», дар форуми иқтисодии давлатҳои узви СҲШ аз БДА ҶТ «Амонатбонк» намояндагон бо иштироки муовини раиси Раёсат Сироҷиддин Икромов ширкат меварзанд.
Ба иттилои манбаъ, дар форуми мазкур бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ҳамчунин намояндагон, роҳбарони ташкилоту институтҳои молиявии байналхалқӣ даъват шудаанд.
«Аз рӯи барномаи омодашудаи форум ҳамкориҳои моливии Бонкҳои узви Иттиҳоди байнибонкии СҲШ, пешравӣ дар оянда баҳри рушди ҳамкориҳои молиявӣ дар минтақаи Авруосиё, дастгирӣ ва некӯаҳволии мардуми минтақа, дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор мегирад», – омаддаст дар иттилои хадамоти матбуоти бонк.
Лозим ба ёдоварист, ки дар масаъалаи ҳамкории молиявӣ муовини раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов дар ин форум маърӯза менамоянд. Форуми мазкур 3 рӯз давом мекунад ва дар он масъалаҳои муҳими молиявӣ баррасӣ хоҳанд шуд.



