Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисоди миллӣ пеш аз оғози анҷумани ҲХДТ

spot_imgspot_img

Дата:


Пагоҳ, 4-уми октябр дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев Анҷумани XI ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он масъалаи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, қабл аз оғози анҷуман намоишгоҳи дастовардҳои иқтисоди миллӣ тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ доир мегардад. «Вакилони анҷуман аз комёбиҳои ҷумҳурӣ дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва тандурустӣ маълумот дарёфт хоҳанд кард», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки ба анҷумани мазкур аз тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар созмонҳои иҷтимоӣ беш аз 1 000 вакил ва меҳмонон даъват шудаанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...