Барқияи табрикии Э.Раҳмон ба президенти Олмон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни солгарди миллии Олмон ба президенти ин кишвар Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи зикр мегардад, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳо дар солҳои охир, ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. «Ин таҷрибаи муфиду […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни солгарди миллии Олмон ба президенти ин кишвар Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи зикр мегардад, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳо дар солҳои охир, ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд.

«Ин таҷрибаи муфиду бузург тақозо менамояд, ки дар шароити имрӯза низ мо ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро рушду густариш бахшида, сатҳи онро ба зинаҳои баландтар бардорем», – баён мегардад дар барқия.

Дар барқия таъкид мегардад, ки Тоҷикистон, ба иҷрои комили аҳду паймонҳои ҳосилшудаи дуҷониба аҳамияти хос дода, итминон дорад, ки бо саъю эҳтимоми ҳарду ҷониб ҳамкориҳои ду кишвари дӯст ба пояҳои баландтари рушду тавсеа хоҳанд расид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.