Шоми рӯзи 7-уми октябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҳамроҳ бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек раҳсипор гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар пойтахти кишвари ҳамсоя онҳо дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарулмонии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ширкат хоҳанд варзид.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви СААД дар Бишкек таҳти раёсати раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин доир гардида, дар он масоили марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ, таҳкими имконоти созмон ва дигар масоили рӯзмарраи мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои узв баррасӣ мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки дар Бишкек раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом хоҳад дод.



