Додоев: КМИР дар реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият дорад

spot_imgspot_img

Дата:


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият дошта, варақаҳои имзои ба ҷонибдории номзадҳои пешабришуда ба мақоми президентиро мавриди санҷиш қарор додааст.

Раиси Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯйхати шумори имзоҳои зарурӣ (210 ҳазор) ба КМИР аз ҷониби се ҳизб – ҲХДТ, ҲАТ ва ҲИИТ пешниҳод шудаанд.

Ба қавли Додоев, шоми имрӯз КМИР санҷиши интихобии имзоҳои аз ҷониби ин ҳизбҳо ба дастгириии номзадҳо аз ҲХДТ – Эмомалӣ Раҳмон, ҲАТ – Толиббек Бухориев ва ҲИИТ – Олимҷон Бобоевро ба итмом расониданист.

«Агар дар варақаҳои имзои аз ҷониби ин аҳзоб пешниҳодшуда иштибоҳоте пайдо нашаваду нисбат ба онҳо мо саволе надошта бошем, пагоҳ мо онҳоро расман ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ ба қайд мегирем», – иброз дошт ӯ.

Бо такя ба маълумоти расида аз ситодҳои номзадон аз ҲКТ (Исмоил Талбаков), ҲДТ (Саидҷаъфар Исмонов) ва ҲСТ (Абдуҳалим Ғаффоров), Додоев зикр кард, ки рӯйхати имзоҳо аз ҷониби онҳо шоми имрӯз ё субҳи рӯзи дигар ба КМИР пешниҳод мегарданд.

«Тибқи талаботи қонунгузории кишвар, КМИР маросими расман бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентиро бояд 25 рӯз қабл аз санаи баргузории интихобот (6-уми ноябр), яъне то соати 18:00-и рӯзи 11-уми октябр ба итмом расонад. Мо мутмаинем, ки то ин сана ҳамаи номзадҳоеро, ки ба ҷонибдории худ 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуданд, ба қайд мегирем», – изҳор кард роҳбари Дастгоҳи КМИР.

Ёдрас мекунем, ки пас аз қарори КМИР дар бораи тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ (то соати 18:00 10-уми октябр) дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ)

тасмим гирифта шуд

, ки ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, ки ба ҷонибдориаш то имрӯз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст, идома меёбад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...