Дар зарфи 2 рӯзи ахир ба ҷонибдории номзад аз ҲНИТ ва номзади ягона аз ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова беш аз 6 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуда, шумори умумии имзоҳо ба 181 ҳазору 343 адад расид.
Намояндаи ситоди пешазинтихоботии номзад аз ҲНИТ Раҳматуллои Раҷаб ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки то шоми рӯзи 10-уми октябр ситод ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки миқдори зарурии имзоҳо – 210 ҳазор адад ҷамъоварӣ карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, раиси ҲНИТ субҳи рӯзи 8-уми октябр шахсан ба ҷамъоварии имзоҳо оғоз намуда, то шом аз се кӯчаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 25 имзо ҷамъ овард. «Кабирӣ имрӯз ҳам барои ба ин кор машғул шудани имкон надорад», – иброз дошт ӯ.
Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров низ чанде қабл изҳор намуда буд, ки шахсан ба ҷонибдории Бобоназарова зиёд имзо ҷамъоварӣ намуда, «ба ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ҳанӯз 15 рӯз пеш ҳамроҳ шуда будааст».
Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар КМИР номзадии президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҲДТ расман ба қайд гирифта мешавад, ки ба ҷонибдориаш беш аз 220 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд.
Феълан ягона номзаде, ки ба ҷонибориаш миқдори зарурии имзоҳо ҷамъоварӣ нашудааст, номзади пешбаришуда аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Назарова боқӣ мемонад. Ҳама аҳзоби дигар – ҲКТ, ҲДТ, ҲИИТ, ҲСТ ва ҲАТ миқдори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳои худро ҷамъоварӣ карданд.



