Нимаи дуюми рӯзи 9-уми октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кҳистони Бадахшон ташриф овард. Меҳмони олимақомро дар ин ноҳияи баландкӯҳи кишвар бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим бо фаъолияти ибратбахши хоҷагии ёрирасони қисми низомии марзбонии 2703 бевосита шинос шуд.
Дар боғи хушманзари деҳаи Дашти ин мавзеъ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳияи Ишкошим мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла шодоб гардидани 280 га замини навро дар ноҳияи Ишкошим натиҷаи хуби иҷрои супоришҳо доир ба аз худ кардани заминҳои бекорхобида номида, таъкид дошт, ки имконоти аз худ кардани заминҳо дар ин ноҳия ҳоло ҳам хеле зиёд аст. Чунонки зикр гардид, дар ноҳияҳои Ванҷу Ишкошим имкони аз худ кардани беш аз 4 ҳазор га замини нав мавҷуд аст.
Бегоҳии ҳамин рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба кӯдакону наврасони аз падару модар ятиммондаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмаки моддӣ расонд.
Тавре зикр гардид, дар тамоми қаламрави ин вилоят 183 нафар кӯдаку навраси аз падар ва ҳам модар ятиммонда ба сар мебаранд. Дар ин ҷо 161 нафар аз шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рушон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб аз кумаки моддии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор гардиданд. Ба 22 нафари дигар аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ дар ноҳияи Дарвоз кумаки моддии Президенти кишвар дирӯз дастрас гардида буд.
Кумак аз маҷмӯи пурраи сару либоси зимистона, дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо як миқдор маблағи пасандоз барои оянда ва туҳфаҳои хотиравӣ иборат аст. Ба ятимони маъюб, ҳамчунин аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.







