РУСАЛ тамоми сирҳои таъминоти ТАЛКО бо гилхокро ошкор карданист

Сохтори фаръии ширкати муттаҳидаи РУСАЛ (Русский алюминий) – Alumina & Bauxite Co. Ltd. (Albaco) бобати таъини барҳамдеҳи ширкати CDH Investments Corp. ба Суди олии Кариби Шарқӣ ариза дод. Тавре дар иттилоияи РУСАЛ зикр мегардад, CDH Investments Corp. тариқи ҷадвалҳои толлингӣ ба таъмини Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) бо гилхок машғул буда, маҳсулоти тайёри онро ба фурӯш […]

ASIA-Plus


Сохтори фаръии ширкати муттаҳидаи РУСАЛ (Русский алюминий) – Alumina & Bauxite Co. Ltd. (Albaco) бобати таъини барҳамдеҳи ширкати CDH Investments Corp. ба Суди олии Кариби Шарқӣ ариза дод.

Тавре дар иттилоияи РУСАЛ зикр мегардад, CDH Investments Corp. тариқи ҷадвалҳои толлингӣ ба таъмини Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) бо гилхок машғул буда, маҳсулоти тайёри онро ба фурӯш мегузошт. Albaco дар бораи таъмини барҳамдеҳи CDH Investments Corp ба суд ариза дод, то ки маводи махфии ширкати CDN-ро дастрас намояд.

«Барҳамдеҳи аз ҷониби мо таъиншуда дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ, директорон ва дигар маълумоти марбут ба CDN-ро ҷамъоварӣ ва ошкор мекунад», – шарҳ медиҳанд дар ширкати РУСАЛ.

Дар иттилоияи ширкати русиягӣ зикр мегардад, ки қаблан РУСАЛ дар мурофиаи судӣ нисбати CDH Investments Corp. оид ба масъалаи таъминоти ТАЛКО бо гилхок ғолиб омадааст. Тибқи қарори суди Швейтсария, ҷониби мағлуб бояд ба ширкати РУСАЛ ҳудуди 70 млн. $ маблағ пардохт намояд.

Он замон суд ба хулоса омада буд, ки CDN қарордоди хариду фурӯш барои таъминот бо гилхокро ба Albaco риоя накардааст. Бинобар сабаби аз ҷониби CDN иҷро нагардидани қарори суди ҳакамӣ ва пардохт нагардидани маблағ дар ҳаҷми 70 млн. $, дар Albaco тасмим гирифтанд, ки чораҳои маҷбурӣ андешида, барҳамдеҳро таъин кунанд, то ки асноди бонкии CDN дар ИМА ва дигар кишварҳоро ошкор намоянд.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати ТАЛКО ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки айни замон ширкат оид ба таъминот бо гилхок бо дигар ширкатҳо ҳамкорӣ дорад. «Ҳамкорӣ миёни ТАЛКО ва CDN аз соли 2005 то соли 2007 сурат гирифта буд ва аз соли 2007 ширкати мо ҳамкорӣ бо CDN-ро қатъ намуд», – гуфтанд дар ТАЛКО.

Қаблан 14-уми октябри соли ҷорӣ

суди ҳакамии Швейтсария қарор кард

, ки Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба корхонаи фаръии «Русал» – Hamer Investing Ltd барои зиёни расида бо шумули тамоми хароҷоти судӣ бояд 275 млн. $ маблағ пардохт намояд.

Маблағи пардохт аз 112,7 млн. $ – арзиши гилхок ва дигар ашёи хоми аз ҷониби Hamer Investing Ltd ба ТАЛКО расонидашуда бо шартҳои шарикӣ дар соли 2003, фоидаи аздастрафта (даромади вориднашуда) дар ҳаҷми 147 млн. $ ва ҳамчунин хароҷоти судӣ ба маблағи ҳудуди 14,56 млн. $ иборат аст.

Тамоми эътирозҳо оид ба даъвои муқобили даъво ба маблағи наздики 400 млн. доллари ИМА аз ҷониби ТАЛКО нисбат ба ширкати русиягиро суди Швейтсария рад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.