Дар зарфи 10 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 3,1%-ро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 6,1% баробар буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи октябр сатҳи таваррум ба 0,3% баробар шуд.
Дар ин давра нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 0,6% ва маҳсулоти ғайриғизоӣ – 0,2% афзуда, хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ ба миқдори 0,1% коҳиш ёфт.
Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар 6,4%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 2,9% поинтар буд.
Тибқи пешгӯии ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,5% пешбинӣ мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ доштани мизони таваррум дар сатҳи то 9% дар соли равонро ба нақша гирифтааст.



