– Фаъолияти «таксиҳои 3-сомона» аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе расман манъ нашудааст ва минбаъд низ намешавад», – изҳор дошт ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати нозирот ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе Фаррух Каримов.
Ба гуфтаи ӯ, маълумоти чанде аз васоити ахбори умум дар бораи аз ҷониби мақомоти шаҳрдории пойтахт манъ кардани фаъолияти ин таксиҳо нодуруст буда, мақомоти шаҳрдорӣ танҳо хоҳони он аст, ки онҳо дар доираи қонунгузорӣ ва тибқи иҷозатномаи дахлдор фаъолият намоянд.
«Ин навъи нақлиёт бояд мувофиқи қарордод бо яке аз ширкатҳои нақлиётӣ кор кунад, вале онҳо мустақилона ва ғайриқонунӣ фаъолият доранд, ки мухолифи қонунҳо ва қарорҳои ҷудогонаи раиси пойтахт аст», – гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Каримов зикр кард, ки ба мушкилоти камбуди воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар пойтахт ба хубӣ огоҳ аст ва мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати ҳаллу фасли он ҳамаҷониба тадбирҳо андешида, дар ин росто манъ кардани фаъолияти кадоме аз воситаҳои нақлиёти мусофирбар мантиқӣ нест, вале ҳама гуна фаъолиятро мебояд аз рӯи қонун роҳандозӣ намуд.



