Боздиди ҳайати АНМН аз манотиқи Русия

ASIA-Plus


Рӯзи 9-уми декабри соли ҷорӣ  дар доираи сафари хизматии худ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ зери роҳбарии Директор генерал –лейтенанти милитсия Р. Назаров бо сардори Раёсати Хадамоти Федеролии назорати маводи нашъаовари вилояти Свердловскии Федератсияи Россия генерал-лейтенанти  политсия Михаил  Каган вохӯрӣ гузаронид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита о ҷомеаи Агентӣ, дар  вохӯрӣ масъалаҳои ташкили ҳамкориҳо дар самти бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, табодули ахбори оперативӣ,  ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо гурӯҳҳои мутташакили ҷиноӣ баррасӣ шуданд.

Инчунин дар доираи сафари хизматии худ роҳбари Агентӣ бо раисони  ҷамъиятҳои тоҷикони муқими вилояти Сведловск вохӯрӣ  баргузор намуд. 

Дар вохӯрӣ таҷрибаи пешқадами ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи минтақа, дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди  байни минтақавӣ ва байнидавлатӣ  дар ояндаи наздик ва дурр муайян карда шуданд.

Сафари ҳайати Агентӣ ба Федератсияи Россия идома дорад. Имрӯз вохӯриҳои ҳайат бо намояндагони мақомоти иҷрояи ҳокимияти маҳаллӣ, роҳбарони Раёсатҳои ХФНМ, вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Тюмен, инчунин бо  ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази фарҳангии тоҷикон «Пайванд»» ба нақша гирифта шудааст.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...