Муаррифии имконоти Вилояти мухтори яҳудиёни Русия барои муҳоҷирон

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар ҶТ имконоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва барномаи минтақавии Вилояти Мухтори яҳудиёни Русия оид ба ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанонеро, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, муаррифӣ намуд. Маросими муаррифӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагии «Россотрудничество» дар шаҳраки Рӯдакӣ доир гардида, дар он беш аз 150 нафар ҳамватанони русиягии муқими Тоҷикистон ҳузур доштанд. Роҳбари […]

ASIA-Plus


Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар ҶТ имконоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва барномаи минтақавии Вилояти Мухтори яҳудиёни Русия оид ба ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанонеро, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, муаррифӣ намуд.

Маросими муаррифӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагии «Россотрудничество» дар шаҳраки Рӯдакӣ доир гардида, дар он беш аз 150 нафар ҳамватанони русиягии муқими Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Роҳбари намояндагии ХМ Русия дар ҶТ Владислав Маркевич ва сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Раёсати сиёсати дохилии Вилояти мухтори яҳудиёни Русия Сергей Баланес ба ҳозирин доир ба имконоти қабулу бо шароити зист ва ҷойи кор таъмин кардани ҳамватанон дар ин вилоят маълумоти муфассал доданд.

Бино ба маълумоти сафорати Русия дар ҶТ, намояндаи вилоят таваҷҷуҳи ҳозиринро бо барномаи ҳадафноки мусоидат ба ихтиёран кӯчонидани ҳамватанон барои солҳои 2013-2017, вазифаҳо ва мақсади барнома, шароити кӯчонидан ва имтиёзот барои афроде, ки манотиқи деҳот барои кӯчиданро интихоб мекунанд, шинос кард.

Дар маърӯзаи Маркевич ба масоили афзалиятҳо дар сиёсати муҳоҷирати Русия, ки ба ҳавасмандии ҷалби муҳоҷирони соҳибтахассус, ки ба анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги Русия эҳтиром мегузоранд, таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.