Вохӯриҳо дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲИ

Дар ҳошияи Нишасти 40-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар пойтахти Гвинея – Конакри роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини вазири корҳои хориҷӣ Н. Зоҳидов бо роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистон Муовини вазири корҳои хориҷӣ Мурод Алӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи Нишасти 40-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар пойтахти Гвинея – Конакри роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини вазири корҳои хориҷӣ Н. Зоҳидов бо роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистон Муовини вазири корҳои хориҷӣ Мурод Алӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, сохтмони корхонаи муштараки тавлиди семент ва ғ. мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин дар мулоқот ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва кумитаҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар Конакри вохӯрии Низомиддин Зоҳидов бо Ҷонишини якуми вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ волоҳазрат амир Абдулло ибни Абдулазиз ибни Абдулло Оли Сауд низ сурат гирифт.

Н. Зоҳидов сипоси ҷониби Тоҷикистонро аз барқияи муборакбодии Аълоҳазрат Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ расонид ва аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноат кард. Ӯ изҳори ақида кард, ки ҳоло ин муносибатҳо ба марҳилаи баррасӣ намудани лоиҳаҳои калони ҳамкории мутақобилан судманд бар асоси усул ва аҳкоми иқтисоди бозорӣ наздик омадаанд. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ метавонанд дар соҳаҳои кишоварзӣ ва истифода аз сарватҳои табиии Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро амалӣ намоянд, таъкид кард Н.Зоҳидов.

 Вобаста ба масъалаи таҳкими муносибатҳо амир Абдулло самтҳои зикршудаи ҳамкориро самтҳои сазовори омӯзиш донист ва афзуд, ки мавзуи ҳамкорӣ дар соҳаи мелиоратсия ва кишоварзӣ имрӯзҳо барои мамлакат аҳамияти бештар пайдо кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.