Супориши вазири корҳои дохилӣ оид ба омодагӣ ба обуҳавои номусоид

Бинобар сабаби сард шудани обу ҳаво ва боришот, алалхусус боридани борон ва барфи зиёд, ки дар шабонарӯзи 16,17 ва 18-уми декабр дар назар дошта шудааст, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба ҷузъу томҳои Вазорат, аз ҷумла Раёсати БДА, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД ва дигар воҳидҳо супориш дод, ки ҳолати омадабошӣ […]

ASIA-Plus


Бинобар сабаби сард шудани обу ҳаво ва боришот, алалхусус боридани борон ва барфи зиёд, ки дар шабонарӯзи 16,17 ва 18-уми декабр дар назар дошта шудааст, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба ҷузъу томҳои Вазорат, аз ҷумла Раёсати БДА, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД ва дигар воҳидҳо супориш дод, ки ҳолати омадабошӣ қарор дошта бошанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар супориши вазир таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо, рафъи офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма, омадани сел, лағжиши сангу хок, сар задани сӯхтор ва ғайра таъкид шудааст.

Гуфта мешавад, хадамоти дахлдори вазорат вазифадор карда шудаанд, ки дар сурати рух додани ин гуна ҳодисаҳо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷойҳо барои расонидани кӯмак ва бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ сафарбар карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.