Зойиров: Дар ҳодисаи имкон надодан ба баргузории брифинг 3 корманди ВКД ҳузур доштанд

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ҷиҳати муайян кардани мақсади имкон надодан ба баргузории конфронси матбуотӣ дар коргоҳаш ва бо супориши кӣ сурат гирифтани ин амал ба мақомоти прокуратура муроҷиат карданист. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита ӯ изҳор намуд, ки имрӯз ному насаби гурӯҳи шахсони ба толори дафтари корӣ воридшуда мушаххас […]

Пайрав Чоршанбиев

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ҷиҳати муайян кардани мақсади имкон надодан ба баргузории конфронси матбуотӣ дар коргоҳаш ва бо супориши кӣ сурат гирифтани ин амал

ба мақомоти прокуратура

муроҷиат карданист.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита ӯ изҳор намуд, ки имрӯз ному насаби гурӯҳи шахсони ба толори дафтари корӣ воридшуда мушаххас гардида, сипас изҳороти ҲСДТ қабул ва онҳо ба прокуратураи генералӣ муроҷиат мекунанд.

Ба гуфтаи Зойиров, шумори гурӯҳи ба толор воридшуда 21 нафар буда, онҳо изҳор кардаанд, ки ҳамсояанд, вале раиси маҳаллаҳои наздики дафтари корӣ онҳоро намешиносанд. «Инҳо сокинони маҳаллӣ ва ҳамсоя набуда, занон як гурӯҳи сайёри ҳукумати шаҳранд, ки миёни онҳо аз ҷумла кормандони ҳукумати шаҳр ва афроди дар гирдиҳамоии назди сафорати ИМА иштироккарда ҳузур доранд. Ҳамчунин миёни мардон се нафар кормандони ВКД, яъне гурӯҳи ҳимоят ва дастгирӣ низ буданд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки роҳбари ҲСДТ журналистонро барои маълумот додан аз сафараш ба Украина, муддати ду рӯз дар Евромайдон қарор доштану шахсан мушоҳида кардани рӯйдодҳо дар майдони марказии шаҳри Киев гирдиҳам оварда буд, аммо як гурӯҳ занон ба толори барои конфронси матбуотӣ таъингардида ворид шуда, Р.Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.