Курсҳои омӯзишӣ барои корманлони Хадамоти гумрук дар АНМН

Дар маркази миллии байниидоравии кинологияи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз 2 то 14 декабри соли ҷорӣ курсҳои навбатии омӯзишӣ барои кормандони Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст. Курсҳоро дастурдеҳон – кинологҳои Агентӣ дарс дода истодаанд. Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, барномаи маҷмӯӣ – таълимии курс дар […]

ASIA-Plus


Дар маркази миллии байниидоравии кинологияи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз 2 то 14 декабри соли ҷорӣ курсҳои навбатии омӯзишӣ барои кормандони Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст. Курсҳоро дастурдеҳон – кинологҳои Агентӣ дарс дода истодаанд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, барномаи маҷмӯӣ – таълимии курс дар худ табодули афкор оид ба дониши андухтаи иштирокчиён дар курсҳои гузаштаи таълимӣ  оид ба тамрини сагҳои хизматӣ ҷиҳати пайдо кардани воситаҳои нашъадорро дар бар мегирад.  Инчунин, дар тренинг ба кинологҳо омӯзонидани хусусиятҳои анатомӣ ва физиологии сагҳои хизматӣ, асоси нигоҳубини онҳо, пешгирӣ ва расонидани ёрии аввалин дар ҳолатҳои фавқуллода  ба сагҳои хизматӣ аз тарафи кинологҳо омӯзонида мешавад.

Илова бар он, дар давраи курсҳо мавзӯҳои дар сагҳо ташаккул додани   рефлексҳои шартӣ ва ғайришартӣ, ғариза (инстинкт), усул ва методҳои тамрини сагҳои хизматӣ, омӯхтани системаи олии фаъолияти  асаби онҳо ва кумаки байторӣ (ветеринарӣ) ба нақша гирифта шудаанд.

Курси омӯзишӣ имконият медиҳад сатҳи дониши тахассусии мутахассисон-кинологҳои хадамоти гумрук баланд бардошта шавад, инчунин онҳоро ба иҷрои функсияҳои нав дар соҳаи кинологияи хизматӣ омода менамояд.Дар хотимаи курсҳо ба ширкаткунандагон сертификатҳо дода хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.