Анҷоми лоиҳаи АКД Ҷопон оид ба беҳбуди солимии кӯдакон дар Ваҳдат

Рӯзи 17-уми декабри соли 2013 Ассотсиатсияи Кумак ва Дастгирӣ (АКД)-и Чопон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон лоиҳаи «Мукаммалгардонии хизматрасониҳои офиятбахшӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон»-ро ба итмом мерасонад.      Бино ба иттилои АКД Ҷопон, маблағгузории ин лоиҳа аз тарафи ҳукумати Ҷопон ба миқдори  616,860 доллар дастгирӣ шудааст. Барои […]

ASIA-Plus


Рӯзи 17-уми декабри соли 2013 Ассотсиатсияи Кумак ва Дастгирӣ (АКД)-и Чопон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон лоиҳаи «Мукаммалгардонии хизматрасониҳои офиятбахшӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон»-ро ба итмом мерасонад.  

  

Бино ба иттилои АКД Ҷопон, маблағгузории ин лоиҳа аз тарафи ҳукумати Ҷопон ба миқдори  616,860 доллар дастгирӣ шудааст. Барои ҷашн гирифтани анҷомёбии лоиҳа 10–уми декабри соли 2013 дар Маркази барқароркунии саломатии кӯдакон дар Ваҳдат чорабинии ҷамъбастии лоиҳа бо иштироки сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаши гузаронида шуд.   

Ин лоиҳа дорои се қисмат, азнавсозии бинои кӯҳна дар Ваҳдат, гузарондани семинарҳо барои кормандони тиббии маркази барқароркунӣ дар Ваҳдат ва беморхонаи Хуҷанд, таъмин намудани ёрии техникӣ барои цехи “Дилшод” дар Вахш мебошад.

АКД Ҷопон маркази барқароркунии саломатӣ ва беморхонаро бо 120 аробачаҳои маъюбӣ ва 30 дастгоҳу таҷҳизоти барқароркунӣ таъмин намуд. Инчунин барои гузарондани се семинар оиди барқароркунии саломатӣ ва се тренинги амалиявӣ оиди истеҳсоли аробачаҳои маъюбӣ мутахассисон аз Ҷопон даъват шуданд.

Кормандони тиббии маркази барқароркунии саломатӣ малакаҳоеро, ки дар вақти семинар омӯхтанд, фаъолона дар амал истифода мекунанд. Баъзеи онҳо дар бинои нави маркази барқароркунӣ баъди кушодашавӣ соли 2014 ба кор гирифта мешаванд ва фарогири 20 кӯдак мешавад.

Ҳамоҳангсози барномаи АКД Ҷопон дар Тоҷикистон Киёши Ишии оид ба лоиҳа чунин изҳор менамояд: “АКД Ҷопон мукаммалгардонии маркази барқароркунии саломатӣ ва беморхонаро анҷом доданд. Мо боварӣ дорем ки ин лоиҳа ба талаботи мардум дар ин минтақа ҷавоб медиҳад.

АКД Ҷопон ҳамчун  ассотсиасияи  ғайридавлатӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2001 бо мақсади беҳтар кардани сифати зиндагии шахсони имконияташон маҳдуд шурӯъ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.