Сабти ном нашудани 12%-и тифлони навзод дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 12%-и тифлони навзод бидуни сабти ном зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад. Дар гузориши нави Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) бахшида ба 67-умин солгарди ин ташкилот, дар бораи 161 кишвари дунё дар робита ба ин масъала маълумот дода мешавад. Бино ба маълумоти гузориш, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Русия, Украина ва […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон 12%-и тифлони навзод бидуни сабти ном зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.

Дар гузориши нави Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) бахшида ба 67-умин солгарди ин ташкилот, дар бораи 161 кишвари дунё дар робита ба ин масъала маълумот дода мешавад.

Бино ба маълумоти гузориш, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Русия, Украина ва Ӯзбекистон ба сафи кишварҳое шомиланд, ки дар онҳо 100%-и тифлони навзод ба қайд гирифта шуда, дар Гурҷистон – 99%, Туркманистону Қирғизистон – 96% ва Тоҷикистон 88%-и кӯдакон расман сабти ном мешаванд.

Ҳамин тариқ, ҳамасола ҳар як се нафар тифли навзод ба қайд гирифта намешавад. Айни замон дар саросари ҷаҳон 230 млн. нафар кӯдакони то 5-сола сабти ном нагардида, 59%-и онҳо дар қораи Осиё ва 37%-ашон дар қитъаи Африқо ба дунё омадаанд.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки кӯдакони сабтиномнашуда расман вуҷуд надоранд ва ин маънои онро дорад, ки онҳо аз имконоти таҳсил, кумаки иҷтимоӣ ва хизматгузории тиббӣ маҳрум буда, маҳз чунин кӯдакон бештар ба дасти ҷинояткорон меафтанд.

Соли 2012 дар саросари дунё таваллуди ҳамагӣ 60%-и кӯдакон ба қайд гирифта шудааст. Ба рӯйхати давлатҳои нишондиҳандаи пасттарин дар ин масъала Сомали – 3%, Либерия – 4%, Эфиопия – 7%, Замбия – 14%, Чад – 16%, Танзания – 16%, Яман – 17%, Гвинея-Бисау – 24%, Покистон – 27% ва Конго – 28% шомиланд.

Хазинаи кӯдакони СММ аз тамоми давлатҳо даъват ба амал овардааст, ки ба тадбирҳои комилан ба қайд гирифта шудани тифлони навзод тақвият бахшанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.