Вохӯрии раиси вилояти Суғд бо сафири ИМА

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Қодирӣ зимни сӯҳбат таваҷҷӯҳи сафирро ба тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бобати таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ  ҷалб намуда, дар ин замина иброз дошт, ки […]

ASIA-Plus


Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Қодирӣ зимни сӯҳбат таваҷҷӯҳи сафирро ба тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бобати таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ  ҷалб намуда, дар ин замина иброз дошт, ки дар вилояти Суғд ислоҳоти замин вусъати бештар мегирад, то саҳмдор соҳиби замин гардад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди саноати сабук ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон аҳмияти махсус зоҳир намуда, аз ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок бо ИМА манфиатдор аст.

Дар навбати худ Сюзан Эллиот иброз намуд, ки ҳукумати ИМА низ хостори тавсеи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун мебошад. Ӯ изҳор дошт, ки лоиҳаи пешбинишавандаи «Рушди иртибототи роҳӣ дар Осиёи Марказӣ» аз ҷониби ИМА дастгирӣ ёфтааст ва дар ин замина бо Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунидҳо идома доранд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки давлати ИМА барои таҳсил ва бозомӯзии мутахассисони ҷавони соҳаи хоҷагии қишлоқ ва дастрасии кишоварзони тоҷик бо навъҳои беҳтари тухмии пахта кӯмаки худро мерасонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.