Кӯтоҳ оид ба мавзӯи дароз (блог)

Инак, ҷаноби раисҷумҳури Тоҷикистон аксари ҳайати ҳукумати хастаи худро иваз кард. Бархе ин тағйиротро ҳамчун “рафтани Алию омадани Валӣ” мебинанд, аммо бархе хушбин аз ин раванд мебошанд. Тайи давраи охир дар дохили кишвар сохтмонҳо идома ёфта, роҳҳо, нақбҳо ва қарзҳо зиёд гардиданд. Бархе аз соҳибмулкон ба худӣ ва ба бегонагон “сиккагузорӣ” шуда, дунболи наҷот ёфтан ва […]

Ф.Д.

Инак, ҷаноби раисҷумҳури Тоҷикистон аксари ҳайати ҳукумати хастаи худро иваз кард. Бархе ин тағйиротро ҳамчун “рафтани Алию омадани Валӣ” мебинанд, аммо бархе хушбин аз ин раванд мебошанд. Тайи давраи охир дар дохили кишвар сохтмонҳо идома ёфта, роҳҳо, нақбҳо ва қарзҳо зиёд гардиданд. Бархе аз соҳибмулкон ба худӣ ва ба бегонагон “сиккагузорӣ” шуда, дунболи наҷот ёфтан ва авфи “гуноҳи карда”-и худ шудаанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд шуданду даромади давлат ба он шумора зиёд нагардид. Шумораи нафақахӯрон аз ҳисоби ашхоси ҳукуматӣ ду се нафар зиёд шуду ҳаҷми умумии “нафақа” ба муҳоҷират рафт.


Дар хориҷи кишвар бошад, мавқеи “афсонавии Тоҷикистон бо панҷараҳои бешиша ва дарҳои боз” муаррифӣ ва пайгирӣ гардид. Дар самти сиёсати хориҷӣ дастоварде ғайр аз сохтмони бинои нав (он низ аз ҳисоби буҷаи давлат) ва истифодаи фаъоли фейсбуку сомонаи Вазорати умури хориҷа, чизи дигари назаррас барои истодагарӣ аз манфиатҳои давлатӣ дида нашуд. Ин раванд собит сохт, ки танҳо маҳорати истифодаи самараноки ВАО аз ҷониби Вазорати умури хориҷа ба чашми мардум хок пошида, аз “пиёдасозии сиёсати хирадмандонаи хориҷии кишвар” дар ин солҳо ҳисобот додааст, аммо дар асл, сиёсати хориҷӣ бо мушовирони даврони шӯравӣ ва “ғолибони дипломатияи тоҷик” сар то пой хато буду бохт буду “ҳайкалтарошӣ” буд. 




Хитой замини тоҷиконро “савдо” карду, Россия мавқеи низомии худро дар Тоҷикистон барои 30 соли баъдӣ мустаҳкам намуд. Ӯзбекистон роҳҳои ба самти Тоҷикистонро пурра баста, бархеро тарофаи миёншикан монду, даъвои қирғиз барои минтақаҳои сарҳадӣ зиёд гардида, “савдои” замин бо Хитой аҷдодони Манасро дар ин музокирот бар зидди Тоҷикон шерак сохт.


Идомаи мавод дар бахши

“Блогҳо”

.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.