Bild: Наздикони Раҳмон дар автомашинаҳои аз Олмон дуздидашуда равуо доранд

Ҳудуди 200 адад автомашинае, ки аз Олмон рабуда шудаанд, дар қаламрави Тоҷикистон дарёфт гардида ва дар ҳамин ҳол, аксари онҳо дар ихтиёри хонавода ва афроди наздик ба президенти ҷуҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор доштаанд. Дар ин бора AFP бо истинод ба рӯзнмаи олмонии Bild хабар додааст. Bild навиштааст, ки муфаттишони олмонӣ ин мошинҳои дуздидашударо тариқи дастгоҳи […]

ASIA-Plus


Ҳудуди 200 адад автомашинае, ки аз Олмон рабуда шудаанд, дар қаламрави Тоҷикистон дарёфт гардида ва дар ҳамин ҳол, аксари онҳо дар ихтиёри хонавода ва афроди наздик ба президенти ҷуҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор доштаанд. Дар ин бора

AFP

бо истинод ба рӯзнмаи олмонии Bild хабар додааст.

Bild навиштааст, ки муфаттишони олмонӣ ин мошинҳои дуздидашударо тариқи дастгоҳи муосири GPS дарёфт намудаанд ва Олмон ҷиҳати ҳамкорӣ барои мушаххас кардани афроди дастдошта дар ин амал ва бозгардонидани мошинҳо ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат намуда, вале посухи мусбат пайдо накардааст.

Дар ҳамин ҳол, сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо

Радиои Озодӣ

хабари кашфи 200 мошини рабудашудаи олмониро дар Тоҷикистон “фарзияи бедалел” шуморидааст.

Дипломати баландпоя гуфтааст, бо вуҷуди ин ки хабарнигорони нашрияи олмонӣ ба сафорат барои гирифтани назари онҳо муроҷиат карданд ва посухро ба таври хаттӣ дарёфт карданд, аз нашри мавқеи Тоҷикистонро дар матлаб худдорӣ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.