Шубҳаи ВКХ ба саҳеҳияти маълумоти рӯзномаи Bild

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон айни замон саҳеҳияти маълумот дар бораи бо автомашинаҳои дар Олмон дузидашуда равуо доштани хонавода ва атрофиёни президени кишвар Эмомалӣ Раҳмонро, ки дирӯз дар шабакаи интернет интишор гардид, мавриди санҷиш қарор додааст. Дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар ин робита изҳор намуданд, ки аз саҳеҳияти маълумоти дар рӯзномаи олмонии Bild чопшуда дар […]

ASIA-Plus


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон айни замон саҳеҳияти маълумот дар бораи бо автомашинаҳои дар Олмон дузидашуда равуо доштани хонавода ва атрофиёни президени кишвар Эмомалӣ Раҳмонро, ки дирӯз дар шабакаи интернет интишор гардид, мавриди санҷиш қарор додааст.

Дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар ин робита изҳор намуданд, ки аз саҳеҳияти маълумоти дар рӯзномаи олмонии Bild чопшуда дар бораи аз Тоҷикистон дарёфт шудани 200 адад автомашинаҳои дуздидашуда ва дар ихтиёри наздикони сарвари давлат қарор доштани онҳо шубҳа доранд.

«То расидан ба Тоҷикистон автомашинаҳои аз Олмон хориҷшуда якчанд марзҳо ва мутаносибан гузаргоҳҳои гумрукиро убур мекунанд. Агар дар ҳуҷҷатҳо ягон камбудие ҷой медошт, онҳоро ҳатман дар марз ҳанӯз то Тоҷикистон боздошт мекардад», – чунин шарҳ доданд масъаларо дар ВКХ ҶТ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи гузашта хабаргузории AFP бо истинод ба рӯзномаи олмонии Bild иттилоъ дод, ки ҳудуди 200 адад автомашинае, ки

аз Олмон рабуда шудаанд

, дар қаламрави Тоҷикистон дарёфт гардида ва дар ҳамин ҳол, аксари онҳо дар ихтиёри хонавода ва афроди наздик ба президенти ҷуҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор доштаанд.

Bild навиштааст, ки муфаттишони олмонӣ ин мошинҳои дуздидашударо тариқи дастгоҳи муосири GPS дарёфт намудаанд ва Олмон ҷиҳати ҳамкорӣ барои мушаххас кардани афроди дастдошта дар ин амал ва бозгардонидани мошинҳо ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат намуда, вале посухи мусбат пайдо накардааст.

Дар ҳамин ҳол, сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо

Радиои Озодӣ

хабари кашфи 200 мошини рабудашудаи олмониро дар Тоҷикистон “фарзияи бедалел” шуморидааст.

Дипломати баландпоя гуфтааст, бо вуҷуди ин ки хабарнигорони нашрияи олмонӣ ба сафорат барои гирифтани назари онҳо муроҷиат карданд ва посухро ба таври хаттӣ дарёфт карданд, аз нашри мавқеи Тоҷикистонро дар матлаб худдорӣ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.