Манфиатдории Душанбе ва Киев ба таҳкими ҳамкориҳо


Рӯзи 26-уми декабри соли 2013 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк доир гардид. 

Бино ба маълумоти Вазорат корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳо оид ба вазъ ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ табодули назар карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо таваҷҷуҳи худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное