Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар робита ба рӯйдодҳои фоҷеабор дар шаҳри Волгогради Русия, ки боиси ҳалокати нафарони зиёде шуд, ба президенти ин кишвар Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон ин амалиёти ваҳшиёна қатъиян маҳкум гардида, зикр мегардад, ки Тоҷикистон саъю кӯшишҳоро барои муқовимати самарабахш бо чунин бадкирдорӣ дастгирӣ намуда, ҷонибдори амалан муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар  зидди он мебошад.

Дар фарҷоми барқия ба президенти Русия тасаллияти амиқ иброз гардида, ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ ва ба осебдидагон орзуи ҳарчи зудтар шифо ёфтан баён мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное