Озмуни навбатии Маҷлиси намояндагон барои рӯзноманигорон

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба эълони озмун барои рӯзноманигорон ҷиҳати инъикоси мушкилоти ҳифзи муҳити зист қарор қабул шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, натиҷаҳои озмун ахири соли 2014 ҷамъбаст гардида, ғолиби озмун бо 4 ҳазор сомонӣ, зинаи дуюм бо 3 ҳазор […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба эълони озмун барои рӯзноманигорон ҷиҳати инъикоси мушкилоти ҳифзи муҳити зист қарор қабул шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, натиҷаҳои озмун ахири соли 2014 ҷамъбаст гардида, ғолиби озмун бо 4 ҳазор сомонӣ, зинаи дуюм бо 3 ҳазор сомонӣ ва зинаи сеюм бо 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум санаи 8-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.