Сӯхтор дар бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб

Date:


Шаби 12 ба 13-уми январ дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб сӯхтор сар зада, мағоза ва фурӯшгоҳҳои бахши савдои маҳсулоти саноатӣ ва мавриди ниёзи аввалияи мардум ба коми оташ рафтанд.

Ҳарчанд сӯхтор комилан хомӯш карда шуда бошад ҳам, то ҳанӯз ҷо-ҷо алангаҳои оташ пайдо мешаванд, вале акнун дигар хавфи гузаштанашон ба бахши мағозаву фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ғизойии бозор аз байн рафтааст.

Айни замон маълумоти мушаххасеро дар ин хусус дастрас кардан ғайриимкон буда, дар макони ҳодиса комиссияҳои гуногун, хадамот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғули коранд.

Тибқи арзёбии пешакии оташнишонон, сӯхтор майдони 3 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, 96 мағоза ва 382 фурӯшгоҳ ба коми оташ рафтаанд.

Дар хомӯш кардани сӯхтор аз 14 адад техникаи махсус, 4 автомашинаи обпошак, 2 пойгоҳи обкашӣ ва даҳҳо адад техникаи дигар истифода шудааст.

Феълан фарзияи корӣ (яке аз фарзияҳои зиёд) – расиши ноқилҳои барқӣ дар се нуқтаи ин бахши савдои бозор аст. Таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

Subscribe

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...